Хоруғ: Тарма 6 хонаю 2 саройро зер кард
Ду тарма дар маҳаллаи Бизмичи шаҳри Хоруғ 6 манзили истиқоматӣ ва 2 мошинсароро зер карданд.
Тибқи иттилои мақомоти ВМКБ тармафароӣ соати 12-и шаби 27 ба 28-уми март рух дод.
Масъулин мегӯянд, ягон талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд, зеро сокинони ин хонаҳо қаблан ба ҷои амн кӯчонида шуданд: “Феълан комиссияи махсус хисороти офати табииро муайян мекунад ва ба зарардидагон кӯмак расонда хоҳад шуд”.