Сафир: Нархи чиптаи Душанбе-Тошканд хеле гарон аст (АКСУ ВИДЕО)
Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон, лағви парвози ҳавопаймои ширкати “Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ” дар масири Тошканд- Душанбе ва ҳозир нашудани ҳайати Узбакистонро ба гуфтушунид дар пойтахти Тоҷикистон шарҳ дод.
Ҳавопаймои ширкати “Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ” мебоист субҳи имрӯз ба фурудгоҳи Душанбе менишаст.
Ҷаноби Шоҳисломов 4 апрел зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, амалӣ нашудани парвози ҳавопаймои “Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ” ва наомадани ҳайати Узбакистон ба Тоҷикистон ангезаи сиёсӣ надорад. Ӯ далели таъхири парвозҳо ва сафари ҳайати Узбакистонро ба фурӯши ками чиптаҳои ҳавопаймо ва пурра омода набудани ҳуҷҷатгузориҳо гуфт.
Ба гуфтаи сафири Узбакистон, ҳайати Тоҷикистон фардо 5-уми апрел ба Тошканд хоҳад рафт ва баъди таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ парвозҳои мунтазам миёни ду кишвар амалӣ хоҳанд шуд. Ӯ инчунин рабт додани лағви парвозҳо миёни Душанбе ва Тошкандро ба мушкилот миёни Душанбе ва Маскав беасос хонд.
Дар мавриди нархи чиптаи ҳавопаймо миёни Душанбе ва Тошканд Шоҳисломов гуфт, барои 45 дақиқаи парвоз 140 доллар хеле гарон аст: “Барои тоҷиру соҳибкорон шояд чандон маблағи зиёд набошад, аммо барои мардуми оддӣ, ки ба дидори хешу табор мераванд, ин маблағи хеле зиёд аст. Мо кӯшиш мекунем, ки нархҳо арзон карда шаванд”.
“Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ” моҳи феврал эълон карда буд, ки аз 4 апрел ба парвозҳои мунтазам ҳафтае ду маротиба –сешанбе ва шанбе ба Душанбе оғоз мекунад. Бино ба иттилои дарёфтӣ парвози ҳавопаймо сешанбеи 11 апрел ба нақша гирифта шудааст.
Аввалҳои моҳи феврали соли равон, ширкати “Сомон Эйр” эълон кард, аз 20 феврал ба Тошканд парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад. Дар остонаи ин сафар ҷониби Узбакистон ба “Сомон Эйр” иҷозаи парвоз надод ва дар шарҳи ин тасмим гуфт, санадҳо барои анҷоми парвозҳои мунтазам бояд ҳадди ақал 30 рӯз пеш аз санаи оғози парвозҳо ба мақомоти “Узбекистон хаво йуллари” пешниҳод карда шаванд: “Санадҳо барои анҷоми парвозҳои мунтазам аз сӯи “Сомон Эйр” 10-уми феврал пешниҳод гардиданд”.
“Сомон Эйр” иқрор кард, ки ин нофаҳмӣ камбуди масъулини худи ширкат аст ва Алишер Рустамов, мудири тиҷории ин ширкат аз мақом барканор шуд.
Парвозҳо дар масири Душанбе-Тошканд соли 1992 қатъ гардид.