баргард чоп кардан

Фаъолияти масҷиди «Муҳаммадия» барои се моҳ мутаваққиф гардид

Фаъолияти масҷиди «Муҳаммадия»-и маҳаллаи Туркободи ноҳияи Ваҳдат барои се моҳ масдуд карда шуд.


Бино ба иттилои расида, Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон  Нуриддин ва Маҳмудҷон Тӯраҷонзодаҳо, имом-хатибони ин масҷидро низ аз вазифа сабукдӯш кардааст. Ин хабарро зимни як тамоси телефонӣ Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон тайид карда афзуд, субҳи имрӯз ӯ ва    ва бародараш Нуриддин Тӯраҷонзодаро ба кумитаи дин даъват карда ва ба онҳо ҳушдор додаанд, ки дар масҷидашон барои се моҳ, яъне то тасмими навбатии ин кумита аз намозгузории рӯзҳои ҷумъа худдорӣ кунанд. Бино ба қавли ӯ, дар ҷараёни сӯҳбат бо онҳо Абдураҳим Холиқов, раиси ин кумита, муовинонаш ва Анвари Вайсиддин, райиси шаҳри Ваҳдат ҳузур доштанд.Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, ин қазия пас аз ёдоварӣ аз шаҳодати ҳазрати Имом Ҳусайн дар рӯзи 2-юми декабр оғоз шуд.

Ёдрас менамоем, 6-уми декабри соли равон Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон баёнияе интишор кард, ки дар он аз аз баргузории маросими азодории “Ошӯро” дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдом   интиқоди шадид мешуд. Шӯрои уламо гуфт, як чунин маросими барои аҳли суннат "бегона" барои мусулмонони Тоҷикистон пайомадҳои ногувор дар пай дорад. Аммо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ин даъвои Шӯрои уламоро рад карда гуфт, ёдбуди қатли набераи паёмбари ислом дар масҷиди "Муҳаммадия" даҳ сол ба ин сӯ идома дорад ва онро наметавон маросими "Ошӯро" номид.