баргард чоп кардан

569 ҳолати нақзи қонун дар бораи замин дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ошкор гардидааст

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба вазъи самараноку оқилона истифодабарии замин бо иштироки прокурори генералии Салимзода Шерхони Одина ва райиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии ҳукумати вилоят иттилоъ доданд, ҷаласаро Қоҳир Расулзода ифтитоҳ намуда, додситони кулли кишвар оиди иҷрои супориши ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 2009 оиди ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба эҳтиёҷмандон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, роҳ додани масъулини дахлдор ба камбудиҳои ҷиддӣ суханронӣ намуд.

Ҳамзамон зикр гардид, ки давоми соли 2010 ва 11 моҳи  соли 2011 аз тарафи кумитаи заминсозии ноҳияи Б.Ғафуров ҳамагӣ 569 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуда, барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дастур дода шуда, шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқие, ки ба қонуншиканиҳо роҳ додаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба  маблағи умумии беш аз 136 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шудааст.

Зикр бояд намуд, ки мутобиқи супориши ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, №13/5-17 аз санаи 15 майи соли 2009 оиди ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ  то санаи 1 декабри соли ҷорӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва комиссияи ҷамъиятӣ ҳамагӣ ба 8 795 адад оилаҳо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар майдони 879 гектар ҷудо карда шудааст.