баргард чоп кардан

Ҷопон барои бозсозии роҳи Қӯргонтеппа-Дӯстӣ 1.889.000.000 йен медиҳад

Дар Душанбе маросими имзокунии санади ёддошт миёни ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Ҷопон барои Лоиҳаи грантии Бозсозии роҳи автомобилгарди Қурғонтеппа-Дӯстӣ (марҳилаи 2) баргузор гардид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКХ иттилоъ доданд, ин ҳуҷҷатро аз ҷониби Тоҷикистон вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва аз ҷониби Ҷопон сафири он кишвар дар Тоҷикистон Ҳироюки Имахаши ба тасвиб расониданд. Ҳамчунин Созишномаи грантӣ ҷиҳати оғози Барномаи грантии мазкурро ҷаноби Зарифӣ ва намояндаи доимии Оҷонсии Ҳамкориҳои Байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон Ҷиро Иида ба имзо расониданд.

Манбаъ мегӯяд, лоиҳаи бозсозии роҳи автомобилгарди Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ (марҳилаи 2) аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ то Қӯрғонтеппа тӯл кашида, 18 км роҳи автомобилгардро дар бар мегирад. Ин дар ду марҳила ба иҷро расида, дар маҷмӯъ масофаи 60 кмро дар бар мегирад. Дар марҳилаи аввал 42 км роҳ аз шаҳраки Дӯстии ноҳияи Қумсангир то ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бозсозӣ шудааст. Марҳилаи дуввуми барнома бо кӯмакҳои бебозгашти ҳукумати Ҷопон ба маблағи 1.889.000.000 йени японӣ амалӣ мегардад.

Маврид ба ёдоварист, ки Ҷопон аз соли 1993 то 2011 зиёда аз 15.3 миллиард йени японӣ маблағ ҷудо намудааст, ки онҳо дар шакли кӯмакҳои бебозгашт ва фаннӣ барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, хоҷагии қишлоқ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва инчунин рушди имконоти захоири башарӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардиданд.