баргард чоп кардан

Хуҷанд: Шаби эҷодии шоир ва рӯзноманигор Усмон Олим баргузор шуд

Дар қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд 75-солагӣ ва маҳфили эҷодии шоир ва рӯзноманигори шинохта Усмон Олим сурат пазируфт.


Хабарнигори маҳаллии «Озодагон» иттилоъ медиҳад, ки дар ин чорабинӣ муовини аввали райиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Р.Каримхоҷаева низ иштироку суханронӣ карданд.

Ҳамзамон дар маҳфил аҳли зиё, ҳаводорони назму наво, намояндагон аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Мастчоҳ, раёсати корҳои дохила ва донишҷӯёни донишгоҳҳо иштирок намуданд.Соҳибҷашн дар назди ҳозирин аз ашъори худ дар васфи ватандӯстиву ватандорӣ, хештаншиносӣ ва модар шеърҳо қироат намуд.Маҳфилро дастаи ҳунармандону санъаткорони вилоят ҳусну тароват бахшид.