Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои ВКД ва дастури Э.Раҳмон ба кадрҳои навтаъиншуда
Бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо раисҷумҳур роҳбарони намояндагии Вазорати корҳои дохилӣ дар назди созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва ИДМ, сардорони як қатор Раёсату шӯъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои кишвар таъин шудаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Президент, Насимзода Акбар Ғиёс сардори Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилӣ таъин гардидааст. Ӯ то ин вақт ба ҳайси муовин фаъолият мекард. 31 марти соли равон Саидзода Маҳмадсаид Борон,сардори пешини ин раёсат дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон муовини вазири умури дохилӣ таъин гардида буд.
Манбаъ мегӯяд, сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, сардорони шӯъбаҳои вазорат дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Ашти вилояти Суғд, ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг ва шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон низ иваз карда шуданд: “Аз ҳисоби кадрҳои корозмуда Сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Шаҳринав, Сангвор, Тоҷикобод ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъин гардиданд”.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 19 апрел бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохтору воҳидҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъин гардиданд, суҳбат кардааст. Ӯ аз онҳо даъват кардааст, “бо дасту дилу нияти пок барои волоияти қонун, таъмини амният, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мусоидат дар раванди созандагию бунёдкорӣ бо меҳнати садоқатмандонаву софдилонаи худ саҳми муносиб гузоранд”.
Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон диққати кадрҳоро махсусан ба масъалаи мубориза алайҳи ифротгароӣ, пешгирии ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар қонуншиканиҳо ҷалб намуда, ба онҳо дастур додааст, “дар ҳамкории зичу пурсамар бо дигар сохторҳои давлатӣ пуштибони ҳақиқии мардум бошанд”.