баргард чоп кардан

Бундестаги Олмон ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёд дорад

Эмомалӣ Раҳмон бо Гурўҳи вакилони Бундестаги (парлумони федеролии) Олмон масоили ҳамкории байнипарлумонӣ ва дигар ҷанбаҳои робитаҳои ду кишварро баррасӣ карданд.


Вакилони Бундестаги Олмон нақши Тоҷикистонро дар минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан барои мусоидат ба барқарорсозии ҳаёти осоишта ва иқтисодиёти Афғонистон муҳим арзёбӣ намуда, ҳавасмандии роҳбарияти кишвари худро ба рушди бештари ҳамкорӣ таъкид намуданд.Таваҷҷӯҳи зиёд ба иштирок дар татбиқи амалии имкону захираҳои иқтисодии Тоҷикистон, хусусан дар соҳаи энергетикаи барқӣ ва интиқоли нерўи барқи арзону аз ҷиҳати экологӣ безарар ба Афғонистону Покистон зоҳир карда шуд.

Ёдрас менамоем, боздиди Эмомалӣ Раҳмон ба ҷумҳурии Федеролии Олмон бо шиносоии наздики ў бо фаъолияти ширкати Сименс оғоз ёфт. Тавре иттилоъ дода шуд, ин ширкат дар зиёда аз 190 кишвари ҷаҳон фаъолият дошта, асосан барои соҳаҳои мошинсозӣ, киштисозӣ, ҳавопаймосозӣ, энергетика, тандурустӣ, компютерсозӣ ва ғайра техникаю таҷҳизот истеҳсол мекунад. Дар ин корхона Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки намояндагии минтақавии ин ширкат дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёбад.Чунон ки аён гардид, роҳбарияти ширкати Сименс ҳам бо назардошти имконоти фарохи Тоҷикистон дар соҳаи энергетикаи барқӣ маҳз дар ин соҳа азми ташкил ва густариши ҳамкорӣ доранд.