Ҳакималӣ даъво дорад, ки амакҳояш бо сохтакорӣ ҳуҷҷат кардаанд, ки гӯиё қитъаи замин ба бобояш таалуқ дошт: “Дар асл он қитъаи замин моли падарам аст ва дар сертификати қонуние, ки ман дорам 0.8 га замин нишон дода шудааст. Дар ҳуҷҷатҳои сохтаи амахҳоям онро 0.9 га гуфтаанд. Ин ҳама сол тамоми андози заминро ман пардохт мекардам, аммо ҳоло маро дар сохтакорӣ муттаҳам мекунанд”.
Ба гуфтаи Ҳакималӣ Ҳакимов, амакҳояш баҳори соли гузашта ӯ ва бародарашро аз хона пеш кардаанд: “Танҳо як амакам Хайриддин Ҳакимов аз мо ҷонибдорӣ мекунад ва ҳоло бештар аз як сол аст ки дар хонаи ӯ зиндагӣ дорем”.