Додихудо Саймиддинов дар синни 68 даргузашт
Додихудо Саймиддинов, забоншиноси маъруфи тоҷик ва раиси пешини Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон даргузашт.
Бино ба иттилои наздикони профессор, дили ӯ нимашаби 2 май аз задан мондааст.
Додихудо Саймиддинов соли 1949 ба дунё омада, фориғутаҳсили Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) дар соли 1973 мебошад. Ӯ доктори улуми филологӣ (соли 1999), Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001) ва Узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адабиёти форсии Эрон буданд.
Солҳои 2000-2005 раҳбари Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёт, 2005-2009 вакили Маҷлиси намояндагон, 2009-2013 раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон буд. Ӯ соли 2013 бознишаста шуд.
Бо ордени "Шараф" дараҷаи II сарфароз гардидааст.
ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ ГУРУҲИ РАСОНАҲОИ "ОЗОДАГОН" БА НАЗДИКОНИ МАРҲУМ САБРИ ҶАМИЛ МЕХОҲАНД. ХУДОВАНД ӮРО РАҲМАТУ МАҒФИРАТ КУНАД