Тибқи иттилои Хуршедҷон Ниёзов (Хуршеди Атовулло) мизи муддавар бо ибтикори ассосиатсияи журналистии «Медиа Алянси Тоҷикистон» ва дастгирии молии намояндагии «Интернюс Нетуорк» сурат мегирад. Зимни ҳамойиш баррасии мавзӯи «Мушкилоти ҳамкории камтаъсири намояндагони ВАО ва мудофиёни ҳуқуқи башар» дар назар аст.
Ҳамзамон, дабири кулли МАТ афзуд, дар нишаст иштироки доираи васеи хабарнигорон, коршиносон ва намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон пешбинӣ мешавад. Оғози ҳамойиш соати 8-30.