Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд то имрӯз дар мавриди омӯзонидани кормандон оид ба истифодаи фурӯзонакҳои симобдори корношоям корҳои муайян ба анҷом расонида шудааст.
Ҳоло дар ҳамаи минтақаҳои вилоят зиёда аз 77 адад нуқтаи қабули лампаҳои каммасрафи аз эътибор сокитшуда ташкил гардида, 5 229 адад фурӯзонак ҷамъоварӣ шудааст. Бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, грантҳо барои харидорӣ ва ба истифода додани ду дастгоҳи безараргардонии лампаҳои симобдори аз истифода баромада, ё барои истифода корношоям чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райиси ин вилоят иттилоъ доданд, аз ҷониби раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар шаҳру ноҳияҳо 32 адад санҷишҳо гузаронида шуда, ба 9 нафар шахсони масъул, ки қарори мазкурро риоя накардаанд, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ҷаримабандӣ карда шудааст.