баргард чоп кардан

Кӯлоб: Пас аз 20 сол нобиноёни шаҳр соҳиби ҷойи кор гаштанд

Корхонаи нобиноёни шаҳри Кӯлоб баъди танаффуси тулонӣ аз сари нав ба фаъолият оғоз намуд.


Тибқи иттилои Юсуф Комилов, сардори корхонаи мазкур, дар ҳоли ҳозир 11 нафар аз нобиноён ба истеҳсоли симтӯрҳо машғул мебошанд.  Ҷаноби Комилов аснои сӯҳбат бо хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт, агар талабот ба маҳсулоти истеҳсолии нобиноён афзояд, вобаста ба фармоиш метавон сар аз соли нав шумораи коргаронро дар корхона то 50 нафар зиёд кард. Маоши коргарон аз ҳачми маҳсулоти истеҳсолӣ вобаста аст.

Гуфта мешавад, корхонаи нобиноёни шаҳри Кӯлоб дар соли 1970-и асри гузашта бунёд ёфта,  яке аз ташкилотҳои сердаромад дар ҳудуди шаҳр ба ҳисоб мерафт ва дар он садҳо нафар аз ин қишри ҷомеа фаъолият мекарданд. Баробари соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ин муассиса тамоман аз фаъолият бозмонда буд.

Бо ба кор фаро гирифтани нобиноён, шароити зиндагонии онҳо, ки бо иллати бекорӣ ва надоштани манбаи даромад боиси нигаронӣ буд, боло хоҳад рафт.

Тибқи иттилои расмӣ, дар минтақаи Кӯлоб зиёда аз 500 нафар нобиноён ба сар мебаранд, ки тақрибан ҳамагӣ бе ҷои кор будаанд.