баргард чоп кардан

Дузди маст савори "Саманд"-и бегона фирор кард

Аз назди кӯчаи Қаротегини ноҳияи Шоҳмансури пойтахт автомашинаро ба яғмо буранд.


Тавре ба хабаргухории «Озодагон» аз ВКД хабар доданд,  дар ин бора аризаи шаҳрванд, Халилови 62-сола, сокини кӯчаи Неъмат Қарабоев, соҳибкор ирсол гардидааст. Ба гуфтаи ӯ 15-уми декабр шахси номаълум сабукрави тамғаи «Саманд»-и ӯро рабудааст. Зимни амалиёти кормандони милиса бо иттиҳоми дуздии нақлиёти мазкур Ҳаким Ҷӯраеви 27-сола, сокини кӯчаи  Фирдавсӣ дастгир шудааст, ки дар ҳолати мастӣ мошинро рондааст.