Ҳалокат ва ҷароҳати ноболиғон дар роҳи оҳани Восеъ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи бархӯрди қатори мусофирбар бо мошини “Опел” дар роҳи оҳани ноҳияи Восеъ як писарчаи 11-сола ба ҳалокат расида, ду ноболиғи дигар маҷруҳ шудаанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, фоҷиа 20-уми май, тахминан соати 15:00 дар ҳудуди деҳаи Навбаҳори ноҳияи Восеъ рух додааст: “Қатори мусофирбар, таҳти идораи марди 37-сола, сокини ноҳияи Вахш ҳангоми ҳаракат дар роҳи “Қӯрғонтеппа-Кӯлоб” ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи марди 35-сола, сокини шаҳри Кӯлоб, бархӯрдааст”.
Манбаъ афзуд, дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур писарбачаи 11-сола, сокини шаҳри Кӯлоб ба ҳалокат расида, ду мусофири дигар, писарбачаҳои 9 ва 8-сола, сокинони шаҳри Кӯлоб ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд: “Ҳоло таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад”.