баргард чоп кардан

Баррасии додгоҳии муттаҳамин дар куштори як корманди комиссариати низомӣ дар Суғд оғоз гардид

Дар додгоҳи вилояти Суғд муҳокимаи паравандаи ҷиноӣ нисбати ашхосе, ки дар катли корманди комиссариати ҳарбии ҷамоати Чоркӯхи  ноҳияи Исфара гумонбар мешаванд, оғоз гардид.


Ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аз додгоҳи вилояти Суғд хабар додаанд, дар курсии айбдорӣ 5 сокинони ҷамоати Чоркӯхи ноҳияи  Исфара нишастаанд, ки аз 22 то 25-сол доранд.

Ба гуфтаи манбаъ, онҳо тибқи банди 104, қисми 2, зербанди «Б,В,Е,З» (куштор) айбдор мешаванд. Ёдовар мешавем, санаи 11 сентябри соли 2011 дар ҳудуди рустои Хоҷа-Алои ҷамоати Чоркӯхи ноҳияи Исфара шахсони номаълум ба сокини 34-солаи ҳамин маҳал Содиқ Ашӯров, ёрдамчии сардори мизи ба қайдгирии ҳарбии ҷамоати Чоркуҳ ҳамла бурданд. Дар натиҷаи ҷароҳатҳои бардошта Собиқ Ашуров дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид. Тибқи яке аз фарзияҳо куштори Ашӯров ба фаъолияти хизматии вай иртибот дорад.