баргард чоп кардан

Футбол: Қаҳрамони мусобиқот маълум аст, талош барои медали нуқра идома дорад

Ду бозии мавқуфмондаии сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор гардид.


Тибқи иттилои ФФТ, ин навбат дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти бо тими мизбон “Гвардия”-и Душанбе ба майдон баромада бо ҳисоби 6 бар 0 ғолиб омад. Дар бозии дигари мавқуфмондаи мусобиқот дастаи “Энергетик”-и Душанбе бо тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и пойтахт миёни ҳам рақобат намуд. Ин сабқат бо ҳисоби 1 бар 0 бо ҳисоби дастаи меҳмонон «Регар-ТадАЗ» ба анҷом расид.

Айни ҳол дар ҷадвали мусобиқот дастаи “Истиқлол” бо 96 имтиёз ва чаҳор бозии мавқуфмонда дар ҷои аввал қарор дорад. Тими “Регар-ТадАЗ” бо 95 имтиёз ва як бозии боқимонда дар зинаи дуюм мебошад. Дастаи “Равшан” бо 89 имтиёз мақоми сеюмро касб кардааст, боз ду бозии дигар анҷом хоҳад дод.

Тавре манбаъ илова намуд, дастаи «Истиқлол» новобаста аз натоиҷи се бозии охиринаш як бозӣ бо «Равшан» ва ду бозӣ бо «Регар-ТадАЗ»,  пешакӣ соҳиби медалҳои тиллои мусобиқот ва унвони қаҳрамони Тоҷикистон хоҳад шуд. Дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Равшан», ки ҳадди ақал бо нишонҳои биринҷӣ сарфароз мешаванд, баҳри ба даст овардани медалҳои нуқра талош доранд.