Питер: Муҳоҷири тоҷик зери бетон ҷон дод
Мақомоти Русия ҳолати марги муҳоҷири 34-солаи тоҷикро, ки шоми 23-юми май дар майдони сохтмони "ПромстройМонтаж" дар Санкт Петербург ҷон додааст, таҳқиқ мекунанд.
Тибқи иттилои расонаҳои Русия, муҳоҷири тоҷик 23-юми май дар ноҳияи Красногвардейск зери плитаи бетонӣ монда, дар ҷои ҳодиса ҷон додааст: “Плитаи бетонӣ баногоҳ аз боло канда шуда, болои муҳоҷири тоҷик афтидааст. Маъмурини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ феълан ҷузъиёти ҳодисаро таҳқиқ доранд”.