баргард чоп кардан

ИМА – саховатмандтарин шарики Тоҷикистон

Саҳми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳаҷми умумии кӯмаки башардӯстона, ки тайи 11 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон расонда шудааст, 72,1 фойизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба кӯмакҳои расондаи Русия наздики 12 маротиба бештар аст.


Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон ҳаҷми умумии кӯмакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон,  то аввали моҳи равон  84,3 миллион доллари амрикоиро ташкил додаст. Аз ин ба ИМА 72,1 фойиз, Дания – 5,1 фойиз, Чин – 3,7 фойиз рост меояд.

Миёни кишварҳои ИДМ ҳаҷми кӯмакҳои Русия – 6,5 фойиз ва Қазоқистон 1,6 фойизро ташкил медиҳад. Ба сифати кӯмаки башардӯстона тибқи иттилои Агентии омор тайи 11 моҳ ба Тоҷикистон 2,2 ҳазор тонна орд ба маблағи  1,1 миллион доллар, 495 тонна равғани растанӣ дар ҳаҷми 935 ҳазор доллар, доруворӣ бо арзиши 63 миллион доллар, ба маблағи 2,1 миллион доллар либосворӣ ва ҳамчунин компютеру таҷҳизоти барқӣ  ворид гардидаанд. Дар маҷмӯъ ба Тоҷикистон то аввали моҳи ҷорӣ 39 кишвари ҷаҳон кӯмаки башардӯстона расондаст.