Русия дар пойгоҳи ҳарбиаш дар Тоҷикистон баталёни дастгоҳҳои бесарнишин таъсис медиҳад
То поёни соли ҷорӣ дар ҳудуди пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия дар Тоҷикистон баталёни бесарнишинҳо таъсис дода мешавад. Дар ин бора Владимир Заруднитский, фармондеҳи неруҳои Округи ҳарбии марказӣ ба журналистон хабар додааст.
Ба гуфтаи генерал-полковник, ин баталён бо таҷҳизоти муоссир муҷаҳҳаз хоҳад шуд. Ӯ ҳадафи таъсиси баталёнро истифодаи неруи бесарнишинҳо дар низоми воҳиди иттилоотӣ унвон кардааст. Аммо Заруднитский нагуфтааст, ки дар ин баталён чӣ қадар дастгоҳҳои бесарнишин гирд оварда мешавад.
Пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа мустаққаранд.