баргард чоп кардан

Пешвои «инқилоби махмалӣ»-и Чехияро рӯзи ҷумъа ба хок месупоранд

Сокинони кишвари Чех бо гирондани шамъҳо ва гузоштани гулчанбарҳо дар назди кохи президент ва майдони марказии Прага хотираи раҳбари собиқи ин давлат Ватслав Ҳавелро гиромӣ медоранд.


Тибқи иттилои расонаҳо, адиби маъруф, драмнавис ва дигарандеш, пешвои “Инқилоби махмалӣ”-и соли 1989-и Чехословакия рӯзи 18-уми декабр дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.

Гуфтанист, президенти феълии Чех ва рақиби собиқи Ҳавел -- Ватслав Клаус Ҳавелро рамзи давлатдории кишвари хеш эълон кард. Сарони бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, сиёсатмадорон, ҳомиёни ҳуқуқи башар дар пайванд бо фавти Ҳавел номаҳои таслият ирсол кардаанд. Бино ба навиштаи хабаргузориҳои аврупоӣ маросими дафни Ватслав Ҳавел рӯзи ҷумъа (23-юми декабр) сурат мепазирад.