Дарозтарин замони рӯзадорӣ: 23 соату 5 дақиқа
Тӯлонитарин замони рӯзадориро мусалмонони Лапландия, Финляндия ва Швейтсия таҷриба мекунанд.
Бино ба иттилои “The Independent”-и чопи Бритониё, дар Финляндияи Шимолӣ офтоб ҳамагӣ барои 55 дақиқа менишинад. Як хонавода аз ин минтақа ба хабарнигори нашрия гуфтааст, рӯзадории онҳо аз соати 1:35 то 12:48 идома мекунад. “Ба ин минвол мо 23 соату 5 дақиқа рӯза медорем. Дӯстон ва наздикони ман, ки дар Бангладеш зиндагӣ мекунанд, бовар надоранд, ки мо беш аз 20 соат рӯзадор ҳастем”,-гуфтааст, Муҳаммад, сарвари ин хонавода.
Ба навиштаи нашрия, мусалмонони Лапландия, ки дар тобистон офтоб қариб ғуруб намекунад, бар асоси тақвими наздиктарин кишвари мусалмоннишин – Туркия рӯза медоранд.
Давомнокии рӯза дар Тоҷикистон имсол 17 соатро ташкил медиҳад.
The Independent” гуфтааст, имсол 1,6 миллиард нафар ё 22 дарсади аҳолии ҷаҳон рӯза медорад.