баргард чоп кардан

Фурудгоҳи «Айнӣ» таҳти назари ВМ-и Тоҷикистон аст ва бо ҳеч кишваре қарордод надорем

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабари мустақар шудани чархболҳои Хиндустонро дар фурудгоҳи низомии «Айнӣ» рад кард.


Фаридун Маҳмадалиев, сарвари маркази матбуотии вазоратхонаи мазкур мегӯяд, миёни Тоҷикистону Ҳиндустон дар мавриди истифода аз фурудгоҳи "Айнӣ" ҳеч санаде имзо нашудааст ва иттилоъ дар бораи мустақар шудани чархболҳои ҳиндӣ дар Душанбе далели воқеъӣ надоранд. Бино ба гуфти ӯ, мутахассисони ҳиндӣ, ки ба тармиму бозсозии фурудгоҳи "Айнӣ" машғул буданд, "то замони анҷоми корҳояшон" дар Тоҷикистон боқӣ хоҳанд монд.

Маҳмадалиев афзуд, фурудгоҳи Айнӣ таҳти назари нерӯҳои ҳавоии Тоҷикистон аст ва бо ҳеч кишваре ҳеч гуна қарордоде дар бораи истифода аз ин пойгоҳи ҳавоӣ имзо нашудааст.

Ёдрас менамоем, бархе аз расонаҳои хориҷӣ бо истинод ба маҷаллаи "Чашмандози сиёсии ҷаҳон" (World Political Review) навишта буданд, ки теъдоде аз чархболҳои низомии Ҳинд дар Тоҷикистон мустақар шудаанд.Нашри ин хабарҳо ба дунболи сафари ахири бархе аз мақомҳои баландпояи ҳиндӣ ба Тоҷикистон сурат мегирад.Авоили моҳи октябр вазири дифоъи Ҳинд дидоре кӯтоҳ аз Тоҷикистон анҷом дода буд.