“Истиқлол” ба даври баъдии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 роҳ ёфт
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони панҷкаратаи Тоҷикистон ба даври баъдии бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 роҳ ёфт.
“Истиқлол” дар охирин бозиҳои марҳилаи гуруҳии ин мусобиқот “Олтин Асир”-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистонро мағлуб кард. Ин дидор шаби 31 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳисоби 1:0 ба поин расид. Голи ягонаи қувваозмоиро Дилшод Восиев, дар дақиқаҳои иловагии дидор (90+2) вориди дарвозаи ҳариф сохт.
Дастаи “Истиқлол” дар ҷадвали рақобатҳои гуруҳи “D” бо 16 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад.
Рақибони “Истиқлол” дар даври ниманиҳоии Ҷоми AFC-2017 баъди қуръакашӣ маълум хоҳанд шуд. Қуръакашӣ 6 июн дар пойтахти Малайзия - Куала-Лумпур – сурат мегирад.