Таъини прокурорҳо дар як қатор шаҳру навоҳии кишвар ва дастури Э.Раҳмон ба вазорату идораҳо
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар сохторҳои низомии кишвар як қатор таъиноти кадрӣ амалӣ намудаааст. Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, ин таъинотҳо имрӯз, 1 июн зимни машварати корӣ амалӣ шуданд.
Ба иттилои манбаъ, бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон Директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа” ва муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати Тоҷикистон таъин гардидаанд. Дар мувофиқа бо раисҷумҳур, додситонҳои шаҳру ноҳияҳои Ванҷи ВМКБ, Данғара, Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ ва Сарбанди вилояти Хатлон, шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, ноҳияи Варзоб, муовини прокурори шаҳри Душанбе, сардори Раёсати кадрҳо ва сардори Шӯъбаи назорати иҷрои қонунгузории андози Прокуратураи генералӣ ва прокурори нақлиёти вилояти Суғд таъин гардидаанд: “Ҳамчунин як қатор сардорони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд”.
Аммо манбаъ ному насаби онҳоеро, ки вазифа гирифтаанд, зикр накардааст.
Дафтари матбуотии Президент меафзояд, дар машварати корӣ ҳамчунин ба масоили гузаронидани кишти такрорӣ, таъмини бозорҳои мамлакат ва махсусан шаҳри Душанбе бо маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, тайёрии ҷиддӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ ва тадбирҳои тақвиятбахшии таъминоти пойтахт бо нерӯи барқ ва гармӣ, фаъолияти бонизоми соҳаи маориф, хусусан кори Маркази миллии тестӣ, ҷамъбасти соли хониш, ташкили истироҳати тобистонаи мактаббачагон ва дастгирию кӯмаки ҳаматарафаи ятимону бепарасторон ҳам дахл шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорут идораҳо дастур додааст, барои таъмини пурраи амнияти озуқаворӣ ва иҷрои нишондиҳандаҳои барномаю нақшаҳои соҳаи кишоварзии мамлакат тадбирҳои бетаъхир андешида, кишти такрорӣ, ҷамъоварӣ ва захираю нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, ярмарка-фурӯши маҳсулоти хӯроквориро ташкил намоянд.
Манбаъ мегӯяд, саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018, таъмини аҳолӣ ва иншооти таъиноти гуногуни мамлакат бо барқу гармӣ, навсозии инфрасохтори муҳими энергетикӣ ва таъмини нақшаи ҷамъоварии маблағи барқ аз зумраи дастурҳои раисиҷумҳур ба масъулин буд: “Барои дар сатҳи зарурӣ ҷамъбаст намудани соли хониш, таъмини шафофияти баргузории имтиҳонҳои қабул ва қабули довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ташкили истироҳату фароғати кудакону наврасони мамлакат дар истироҳатгоҳу лагерҳои наздимактабӣ ва марказҳои табобатию тавонбахшӣ роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат вазифадор карда шуданд”.