Дар Тоҷикистон боз як сомонаи хабарӣ фаъол шуд
Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон (МТЖ) сомонаи нави хабариеро бо номи sugdnews.tj фаъол кардааст.
МТЖ дар як иттилоияи ҳадафи таъсиси ин торнаморо “пур кардани фазои иттилоотии вилояти Суғд бо иттилооти боэътимод ва саривақтӣ оид ба сиёсат, ҷомеа, варзиш, сайёҳӣ, фарҳанг, таърих ва ҳаёти ҳаррӯзаи сокинони минтақа” гуфтааст.
Ба иттилои манбаъ, ин торнамо ҳамчунин бо мақсади ҷалби сайёҳони хориҷӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи фазои иттилоотии кишвар аз ҳамлаҳои иттилоотӣ ва туҳматҳои интернетӣ фаъол шудааст.
“Сомона танҳо бо забони русӣ фаъол буда, муассисон нақша доранд дар оянда бо чанд забон пахш шавад. Умедворем, ки бо мурури замон, ин сомона ба як агентии иттилоотии муваффақи чандзабона табдил хоҳад ёфт”-омадааст дар иттилоия.
Хуршед Атовулло, раҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз корбарон хоҳиш кардааст, маводи иттилоотии худро дар шакли хабар, гузориш, мусоҳиба ва мақолаҳои таҳлилӣ, видеоҳо ба почтаи электронии сомона фиристанд: “Мо омодаи ҳамкорӣ бо ҷомеаи журналистии ҳамаи 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳастем. Ҳар шахс метавонад ҳамчун хабарнигори мардумӣ ё минтақавии мо бошад. Баъд аз таҳрир онҳо дар сомонаи мо чоп карда мешаванд. Мо мехоҳем ба ҷаҳониён диёри азизамонро аз ҳар зовия нишон диҳем”.