Иброҳим Усмонов: Сулҳе ки ба он расидем, формулаи Эмомалӣ Раҳмон буд
Маҳфили навбатии “Гуфтугӯи тамаддунҳо” бо як дақиқаи сукут ба хотири қурбониёни рӯзи чаҳоршанбеи Кобул оғоз шуд. Субҳи 31 май дар пайи як инфиҷори шадид дар пойтахти Афғонистон 80 нафар кушта ва садҳо тани дигар маҷруҳ гардид.
Дар маҳфил имрӯзи “Гуфтугӯи тамаддунҳо”, ки дар Маркази тиҷоратии "Пойтахт" ҷараён дорад, аз китоби “Савганди сулҳофаринӣ”-и профессор Иброҳим Усмонов рӯнамоӣ мешавад. Усмонов дар оғози суҳбаташ яке аз сабабҳои аслии навиштани китобро “далел бар хомӯшии шоҳидони ҳамон шабу рӯзҳо” унвон кард. Ӯ гуфт, мехоҳад ба ин савол, ки сулҳро кӣ кард ва соҳиби ин сулҳ кист, ҷавоб бидиҳад: “Сулҳи тоҷикон ғолибу мағлуб надорад”.
Профессор афзуд, ҷараёни сулҳсозӣ ба ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар марбут мебошад: “Формулаи сулҳе, ки мо ба он расидем, формулаи Эмомалӣ Раҳмон буд. Ҳамчунин бояд бигӯям, ки сулҳ яктарафа намешавад, дасти сулҳеро ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон дароз шуд, онҳо пазируфтанд ва сулҳ карданд. Саҳми онҳо ҳам дар сулҳ барҷаста аст”.
Дар идомаи суҳбатҳои худ Иброҳим Усмонов гуфт, тарафдори он нест, ки қумандонҳои даврони ҷанги шаҳрвандиро бо унвонҳои манфӣ, назири хоин ном бубаранд, агар ин амали онҳо қонунан баҳогузорӣ нашуда бошад.