Шаҳрванди Қирғизистон беш аз 700 шишаи “Русская водка”-ро ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон овардааст
Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз ошкор шудани беш аз 700 шишаи машруботи спиртии тамғаи “Русская водка” хабар додааст, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ аз Қирғизистон ворид шудааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, кормандони Раёсати гумрук дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар пайи як амалиёти гумрукӣ дар дидбонгоҳи гумрукии Қизил-Арт сабукрави УАЗ-469, таҳти идораи як сокини ноҳияи Мурғобро нигоҳ доштаанд. Манбаъ мегӯяд, ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ аз дохили бордони воситаи нақлиёт 720 шишаи арақи истеҳсоли Қирғизистон тамғаи “Русская водка” дарёфт ва мусодира карда шуд: “Санҷиш муйаян намуд, ки машруботи спиртии мазкур ба шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон М.А., ки ҳоло дар шаҳри Хоруғ муваққатан истиқомат дорад, тааллуқ дошта, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи молро надоштааст”.
Ба иттилои Хадамот, аз рӯи ҳодисаи мазкур мувофиқи талаботи моддаи 577 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, парвандаи маъмурӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.