баргард чоп кардан

Дархости Салимов аз Э.Раҳмон: Афви умумӣ эълон кунед

Ёқуб Салимов, ба ҳайси собиқ вазири умури дохилӣ, раиси Кумитаи гумрук, вакили Шӯрои олӣ ва сафири Тоҷикистон дар Туркия бо нашри як муроҷиатномаи кушод аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хостааст, дар арафаи таҷлили 20- солагии Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар кишвар боз як афви умумӣ эълон кунад.

Салимов, ки худ моҳи июни соли гузашта аз зиндон раҳо шуд, дар муроҷиатномааш навиштааст, “ман бовар дорам ин пешниҳод аз ҷониби Шумо, ки бо бахшиданҳову сиёсати сулҳпарваронаатон машҳури ҷаҳон гаштаед, мавриди марҳамат қарор мегирад”.

Собиқ вазири умури дохилӣ дар хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, “зимнан, ин пешниҳодро метавонед ҳамчун пешниҳоди нафаре қабул намоед, ки дар барқарории сулҳу субот дар кишвар то ҷое саҳмгузор буд ва баъдан бо дасисаҳои гуруҳҳои фурсатталаб қурбонии сиёсатбозиҳои беинсофона гашту 13 соли умри худро пушти панҷараи зиндон паси сар кард. Ин муддат барои шинохти воқеиятҳо ва муҳокимаву хулосабарориҳои рухдодҳои гузашта басанда буд. Ҳамчунин ман дар зиндон ҳолату бардоштҳои зиндониёнро, ки бисёриашон нофаҳмида ба бозиҳои пасипардагии ашхоси манфиатҷӯ гирифтор шудаанд, амиқан дарк намудам. Бояд инро ҳам иқрор шуд, ки на ҳама дар маҳбас бо гуноҳи исботшуда қарор доранд. Онҳое ҳам ҳастанд, ки бо парвандаҳои сохтаву беасос пушти панҷара афтодаанд. Аз ҳамин хотир, фикр мекунам як афви дигари умумӣ сиёсати башардӯстонаи Ҳукумати Тоҷикистонро таҳти сарварии Шумо, барои ҷомеаи дохил ва хориҷи кишвар возеҳтар менамояд ва барои гумроҳон низ дари зиндагии воқеиро мекушояд. Албатта мо фаромӯш накардаем, ки роҳбарияти Тоҷикистон бо сарварии Шумо то ин замон 13 қонун “Дар бораи авф” –ро қабул кардааст ва дар натиҷаи онҳо ҳазорон нафар ба зиндагии осоишта баргаштанд. Онҳое ҳам шояд буданд, ки ин бахшиданҳо барояшон сабақ нагашт ва ба ҷиноят даст задаву боз ба зиндон “роҳхат” гирифтанд. Ин як чизи табиист. Ҷомеа танҳо аз онҳое иборат нест, ки ҳамеша тавони хулосабарории дурустро доранд. Вале барои онҳое, ки аз ҳар рухдоду воқеиятҳо таҷрибаи мусбат мегиранд, иқдомоти Ҳукумат барояшон руҳи нав, нерӯи нав хоҳад дод ва тамоми зарфиятҳояшонро баҳри пешрафти Ватани азиз сарф хоҳанд кард. Фикр мекунам дар шароити ҳассоси имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, торафт мураккаб шудани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон авфи дигар бо имзои Шумо мақому мартабаи Ҳукумати Тоҷикистонро бамаротиб боло бурда, эҳсоси ватандориву ватандӯстиро дар замири ҳар тоҷикистонӣ амиқтар хоҳад намуд ва барои амалӣ гардидани сиёсатҳои ҳукумат, ки баҳри шароити созгори ҳар шаҳрванд равона шудааст, кӯмак хоҳад расонд”.

Салимов дар муроҷиатномааш таъкид намудааст, ки шоҳиди бевоситаи қаҳрамониву азхудгузаштанҳои Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми раванди сулҳофарӣ будааст: “Тамоми воқеаҳои мушкил ва баъзан даҳшатноки пеш аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро низ ба хотир дорам. Аз ҳамин хотир самимонаву содиқона изҳор менамоям, ки дар баробари дигарон Шуморо ҳамчун Асосгузори Сулҳу Ваҳдат аз ибтидо эътироф кардааму бовар дорам дар оянда низ хидматҳои беғаразонаатон аз ҷониби халқу давлат арҷгузориву қадрдонӣ хоҳад шуд”.