Салими Аюбзод: Наход “фаъолият кардан” беҳтар аз “кор кардан” бошад?
“Сарвари давлат ба ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар анҷом дод”. Агар маънии “анҷом” оқибат, охир, фарҷом, поён, интиҳо бошад, чӣ гуна мешавад онро дод? Он гоҳ шояд беҳтар аст гуфта шавад: “ба сафараш анҷом дод”. Вале ин шеваи баён ва чанд қолибе, ки солҳои охир “мӯд” шудаанд, ба забони матбуоти мо оҳанги сатҳӣ ва хушк медиҳанд. Мисли “халал ворид кард” ва “мавриди баррасӣ қарор дод”. Он ҳам дар ҳоле ки мешавад гуфт: “халал расонд” ва “баррасӣ кард”.
Баъзан ба ҳамдигар танзомез мегӯем: “Шумо ғизои хешро мавриди тановул қарор додед?” – Ғалат нест, аммо ин ҳама барои гуфтани он аст, ки “Хӯрокатонро хӯрдед?” Чаро бояд як маънии содаро ин қадар печидаву “болохонадор” ё “тумтуроқ” кард.
Гӯӣ аз баҳри ҳурмати алам аст
Ин ҳама тумтуроқу ҷангу саманд. (Саноӣ)
Наход “фаъолият кардан” беҳтар аз “кор кардан” бошад? Магар “кор” осонтару беҳтар нест? Гоҳе мехонем: “Чанд сол дар симмати муовин кору фаъолият намуд”. – “Чанд сол ҳамчун муовин кор кард”. Ё “Чанд сол муовин буд”.
Дарди бахайр буд, агар ин қолибҳо аҳёнан вомехӯрданд, аммо дареғ, онҳоро акнун сари ҳар қадам мешавад дид.