Global Peace: Сулҳ дар Тоҷикистон таҳким ёфтааст
Тоҷикистон дар раддабандии “Шохиси ҷаҳонии сулҳ-2017”, ё худ “Global Peace Index-2017” дар мақоми 118 қарор гирифтааст, ки нисбати соли гузашта 4 зина пеш вале нисбати соли 2015, 10 зина ақиб мебошад.
Дар гузориш, ки аз ҷониби Пажуҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ, мақараш дар Сиднеи Австралия, таҳия мешавад, Тоҷикистон соли 2016 дар ҷои 122-юм, 2015 дар ҷойи 108, 2014 дар зинаи 126 ва соли 2013 дар мақоми 118-ум қарор дошт.
Пажуҳишгоҳ дар гузориши ҷадидаш, ки натиҷаи омӯзиши ҷомеашиносону иқтисоддонҳои марказҳои илмии Австралия ва ИМА мебошад, кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистонро дар ҷойи 72, Туркманистон - 112, Узбакистон -101 ва Қирғизистонро дар мақоми 111–ум қарор додааст.
Гузоришгарон Русияро дар ҷойи 151 дар қатори кишварҳои хатарнок ба монанди Кореяи Шимолӣ, Покистон ва Либия шомил кардааст. Украина аз мақоми 150 ба 154-ум баромадааст. Кишварҳои Сурия, Афғонистон ва Ироқ дар охири раддабандӣ қарор гирифтаанд. Кишварҳои Ирландия, Зеландияи Нав, Португалия, Австрия, Дания дар садри ин раддабандӣ қарор доранд.
Пажуҳишгоҳи иқтисоду сулҳи Австралия мегӯяд, ин раддабандӣ бо назардошти 23 нишондод, аз ҷумла сатҳи зӯроварӣ, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар, муносибат бо кишварҳои ҳамсоя, шумораи фавтидагон дар ҷангҳои берунӣ, шумораи гурезаҳо, сатҳи ҷинояткориҳои вазнин, имкони сар задани амалиёти терористӣ, содироту воридоти намудҳои муқаррарии аслиҳа, хароҷоти ҳарбӣ, миқдори қувваҳои мусаллаҳ, миқдори милисаҳо нисбати аҳолии кишвар, фоизи маҳбусон, шумораи хориҷиёни дар кишвар ҳалокшуда, сатҳи саводнокӣ ва пайравӣ аз меъёрҳои демократия дар сиёсат таҳия гардидааст.