баргард чоп кардан

Даъвати сокинон аз Р.Эмомалӣ: Моро аз бӯйу бемориҳо халос кунед (АКСУ ВИДЕО)

Даҳҳо сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ирсоли як муроҷиатнома аз шаҳрдор Рустами Эмомалӣ, хостаанд онҳоро аз бӯи ғализи бинои навбунёд, ки рост пеши хонаашон мерезад, халос кунанд.

Сокинони ҷабрдидаи маҳаллаи “Грабзавод”-и пойтахт мегӯянд, чор сол боз масъуле ҳозир нашуд, ки онҳоро аз бӯй ва бемориҳои фозилоб (канализатсия)-и бинои бисёрошёнаи навбунёд халос кунад. Дар пайи дарёфти муроҷиатнома хабарнигори “Озодагон” аз ин маҳалла боздид кард ва бо сокинон ҳамсуҳбат шуд.

Бино ба гуфтаи сокинони ин маҳалла, чор сол пеш соҳибкор бо номи Ҳоҷӣ Ҷамол дар дохили “Грабзавод”, корхонаи сангу шағал, воқеъ дар наздикии дидбонгоҳи БДА-и шаҳри Душанбе, бинои 5-ошёнаро сохта, қубурҳои фозилоби онро ба пеши хонаи сокинони маҳалла овардааст. Ба гуфтаи сокинон бунёдкорон низоми фозилоби лозимиро фароҳам накарданд ва обу ахлот аз бинои бисёрошёна дар пеши ҳавлии сокинони дигар мерезад: “Қубури ахлоти хонаи он бино дар поёни ҳавлиҳои мо дар чуқурии сунъӣ мерезад. Лӯлаи ахлотпартои ин бинои навсохт аз байни кӯчаи мо мегузарад, ки ба талабот ҷавобгӯ нест, чоҳҳо бо сементблок сохта шуда, сарпӯш надоштанд ва мо маҷбур онро бо сангу шағал пур кардем”.

Сабоҳат Пирова, як сокини маҳалла мегӯяд, ҳозир фасли гармо аст ва аз буйи ахлот сокинон наметавонанд дар хонаҳояшон бишинанд: “Кӯдакон бошанд касал мешаванд. Боз мегӯянд, ки ҳоло чанд бинои дигар сохта мешавад ва оби онҳо низ ба ҳамин канализатсия мерезад”.

Дар муроҷиатномаи сокинон таъкид шудаст, ки бӯи ахлот кӯдаконашонро мубталои бемориҳои сироятӣ кардааст: “Ёсумани Аламзод (фарзанди Аламшоҳ Қувватов) расо 6 рӯз дар Беморхонаии сироятии маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои пойтахт бистарӣ буд. Барои табобати ӯ волидайнаш харҷи зиёд карданд. Тибқи диагнози пизишкон, бемории Ёсуман малярия аст, ки маҳз аз газидани хомӯшакҳои канализатсияи пайдо шудааст. Ҳамчунин Сумая Эргашева-духтари 1,5-солаи Маҳмуд аз дарди “инфексия” дар беморхонаи Истиқлол 15 рӯз бистарӣ буд”.

Ба гуфти онҳо чандин маротиба ба Ҳоҷӣ Ҷамол муроҷиат намудаанд, ки қубури бинои навбунёдашро аз рӯи тартиб ва қоида ҷои дур бубарад, аммо ӯ гуфтааст, ки “ин проблемаи шумо аст. Ба куҷое мехоҳед, нависед…”.

“Озодагон” дар сурати дарёфти шарҳи масъулини биноҳои навбунёд онро пешниҳоди хонандагон мекунанд.

Сокинони маҳаллаи “Грабзавод” аз шаҳрдорӣ хоҳиш доранд, то як комиссия ташкил намуда, қазияро мунсифона баррасӣ кунад.