Дабири кулли СММ ба Тоҷикистон меояд
Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид 12-уми июн аз Тоҷикистон боздид мекунад.
Дар ин бора маркази иттилооти СММ хабар дода, афзудааст, ки зимни ин сафар мулоқоти Гутерриш бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар назар аст: “Инчунин дабири кулли СММ дар Душанбе дар конфронс оид ба рушди устувор суханронӣ мекунад”.
Ба иттилои манбаъ дар назар аст, ки дабири кулли СММ аз 8 то 13-уми июн аз Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон боздид кунад. Гутерриш 9-уми июн дар Остона дар ҳамоиши Созмони ҳамкории Шонҳой иштирок мекунад. Сипас ба Самарқанд меояд ва аз он ҷо тариқи чархбол ба тамошои баҳри Арал хоҳад рафт.