баргард чоп кардан

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷӯҳи сарони кишварҳои минтақаро ба мушкилоти Тоҷикистон равона сохт

Эмомалӣ Раҳмон баъд аз зуҳри дирӯз дар маҷлиси навбатии Шўрои байнидавлатии Иттиҳодии иқтисодии Авруосиё, ки дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, ҷиҳати ширкат дар ин нишаст сарони ҳамаи давлатҳои аъзо ва нозири ин созмон ҷамъ омаданд. Маврид ба ёдоварист, кишварҳои Беларус, Русия, Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизистон аъзоёни ин созмон маҳсуб гардида, Арманистон давлати нозир ба шумор меравад.

Манбаъ афзуд, Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳори андеша ба марҳилаи нави раванди муттаҳидшавӣ ворид шудани давлатҳои аъзои Иттиҳодии иқтисодии Авруосиёро «посух ба оқибатҳои ҷаҳонишавӣ» номида, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд барои ба сатҳи ҳамкории воқеан стратегӣ баровардани муносибатҳои кишварҳои аъзои созмон тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд. Бино ба гуфти Раҳмон, ҳиссаи кишварҳои аъзои ин созмон дар мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон беш аз 35%-ро ташкил дод. Президенти Тоҷикистон илова кард, ки афзоиши ҳиссаи кишварҳои алоҳидаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар ин мизон суръати хеле баланд дорад.

-Дар тиҷорат бо Тоҷикистон ҳиссаи Беларус нисбат ба соли гузашта 148%, Қирғизистон 138% ва Қазоқистону Русия 160%  афзоиш ёфт,- гуфт Эмомалӣ Раҳмон. Райисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, кишварҳои аъзои ин иттиҳод, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ба ҳамдигар сахт вобастаанд, танҳо дар ҳамдастӣ метавонанд, оқибатҳои сангини бӯҳронҳои ҷаҳонии иқтисодию молиявиро пушти сар кунанд .Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба мушкилоти Тоҷикистон вобаста ба таъмини амнияти энергетикию озуқаворӣ бори дигар кишварҳои минтақа ва аъзои ин созмонро «барои мавриди истифодаи босамару оқилона ва ба кулли минтақа судбахш қарор додани имкону захираҳои гидроэнергетикии кишвари мо» ба ҳамкории наздик даъват намуд.