баргард чоп кардан

Навалний ин бор 30 рӯз пушти панҷара мешинад

Алексей Навалний, раҳбари сарсахти ҳукумати Русия бо ҳукми додгоҳе дар шаҳри Маскав ба 30 рӯзи ҳабс маҳкум шуд.

Ин ҳукм имрӯз, 13 июн эълон шуд. Навалний рӯзи гузашта дар назди манзили зисташ боздошт шуд. Ӯ қасд дошт дар гирдиҳамоии эътирозие алайҳи фасод, ки ташаббускораш буд, иштирок кунад.

Бино ба иттилои расонаҳо, додраси парванда талаби вакилони дифои Алексей Навалнийро барои лағви ин парванда рад кардааст.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳо аз боздошти наздики 1100 иштирокчии гирдиҳамоӣ дар қаламрави Русия хабар медиҳанд. Бино ба хабарҳо танҳо дар Маскаву Питер наздики 10 ҳазор нафар дар гирдиҳамоии эътирозӣ иштирок кардааст. Дар маҷмӯъ ба иттилои ҷонибдорони
Навалний, гирдиҳамоиҳо дар беш аз 200 шаҳру ноҳияҳои Русия баргузор шудааст.

26 март ҳам Навалний аз сокинони Русия хоста буд, алайҳи фасод дар кишвар гирдиҳамоӣ кунанд. Он замон ҳам пулис Навалнийро боздошт кард ва баъдан, Додгоҳи ноҳияи Твери Маскав ӯро дар баргузор намудани гирдиҳамоии ғайриқонунӣ муҷрим шинохта, ба 10 рӯзи ҳабс ва 20 ҳазор рубл ҷарима маҳкум кард.