баргард чоп кардан

Қатли ронандаи ҷавон аз сӯи ду мусофири судшуда

Мақомоти милиса аз қатли ронандаи 21-сола дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дода, афзуданд, ки дар пайи ҷиноят муттаҳамон мошинашро дар Қирғизистон фурӯхтаанд.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, ҷиноят нисфирӯзи 8-уми июн содир шудааст ва феълан ду гумонбар, сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғаффуров боздошт гардидаанд.

Ба иттилои манбаъ гумонбарон, ки яке 22 ва дигарӣ 21 сол дорад, қаблан барои дуздию ғорати амвол суд шудаанд.

Бар асоси иттилои тафтишот муттаҳамон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварз дар дохили “Опел-Астра”-и марди 21-сола бо ӯ муноқиша карда, бо роҳи буғӣ ӯро ба ҳалокат расондаанд: “Муттаҳамон бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷиноят, ҷасади марҳумро ба дарёи “Сир” партофта, автомашинаашро дар ҳудуди ноҳияи Лейлаки Қирғизистон ба ивази 6 ҳазор сомонӣ ба шахсони номаълум фурӯхтаанд. Айни ҳол нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.