Ироаи сабукӣ ба шаҳрдории Душанбе ва беморхонаи Данғара (ВИДЕО)
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 14-уми июн ба шаҳрдории Душанбе барои захира кардани маҳсулоти озуқа ва вуруди нақлиёти мусофирбар сабукиҳои молӣ ироа намуд.
Меҳринамо Ҷонмаҳмадова, муовини вазири молияи Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳаи тағйирот ба қонун дар бораи буҷаи соли 2017, изҳор дошт, ки бар асоси лоиҳа дар назар аст, барои тирамоҳу зимистону оянда дар пойтахт 90 ҳазор тонна озуқа захира карда шавад. Ба гуфтаи ӯ захираи озуқа ба дӯши Корхонаи харид, захира ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ вогузор шудааст ва ин муассиса аз пардохти андозу боҷу гумрукӣ озод карда мешавад.
Муовини вазири молия афзуд, автобусҳое, ки қаблан шаҳрдорӣ ворид намуд, на танҳо аз андоз, балки аз пардохти боҷи гумрукӣ низ озод гардиданд.
Инчунин парлумон барои ироаи сабукӣ зимни вуруди таҷҳизоти гаронарзиш ба беморхонаи ҷумҳуриявии Данғара иҷозат дод. Ба гуфтаи Ҷонмаҳмадова арзиши таҷҳизот барои беморхонаи Данғара 5,5 миллион сомонӣ буда, ҳаҷми андозу пардохтҳои гумрукӣ, ки беморхона аз пардохташон озод гардид, 1,3 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи муовини вазири молия дастгоҳи тиббӣ барои ҷарроҳии ҷигару гурда буда, имкон медиҳад, ки сокинони вилояти Хатлон бидуни саргардонӣ аз хизматрасониҳои муосири тиббӣ бархӯрдор бошанд.