Русия дар Тоҷикистон ёдгории низомӣ мегузорад
Пойгоҳи ҳарбии 201-ум Русия тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон лавҳаи ёдгории се насли сарбозону афсарони Шӯравиро бунёд кунад.
Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ дода, афзудааст, сарбозони қисми ҳарбии 201-уми Русия лавҳаи ёдгории ҷанговарони ҳалокшуда дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷангҳои Афғонистон ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро месозанд: “Феълан таҳияи тарҳи лавҳа ва интихоби ҷой барои гузоштани ёдгорӣ идома дорад”.
Дафтари матбуоти пойгоҳи 201 гуфтааст, то ҳол сарбозон ёдгории афсарони Шӯравӣ, воқеъ дар дараи Қаратоғи Турсунзодаро, ки дар барқарорсозии сохти Шӯравӣ 1922-1926 нақш доштанд, навсозӣ карданд: “Навсозии ёдгорӣ, сохтани панҷараҳо ва кабудизоркунии он бо маблағҳои худи кормандони бахши Хадамоти федеролии амнияти пойгоҳ дар ҳамдастӣ бо ҷониби Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ, сарбозони интернатсионалист ва гуруҳи “Хотира-201” амалӣ шуд”.