Коҳиши қурби доллар ва рубл дар Тоҷикистон
Қурби доллар ва рубл дар бозори асъори Тоҷикистон майли поинравӣ дорад.
Бонкҳои Тоҷикистон, имрӯз, 19-уми июн, қурби як долларро расман 8,79-8,81 сомонӣ муайян намудаанд. Ин нишондод аввали моҳи равон 8,81-8,83 сомонӣ буд.
Тибқи овезаҳои бонкҳои кишвар қурби рубл низ каме поин рафта, имрӯз дар саррофиҳо 0,1515-0,1530 сомонӣ арзиш дорад. Арзиши 1 рубл охири моҳи гузашта ба 0,1535-0,1550 баробар буд.
Бонки миллии Тоҷикистон қурби долларро барои бозори байнибонкӣ 8.82 сомонӣ, 1 евро = 9.8528 сомонӣ ва 1 рубли русиро 0.1518 сомонӣ муайян намудааст.