Президент хостори муҷозоти муллоҳое шуд, ки никоҳи занҳои дувумро мехонанд
Шавкат Мирзиёев, президенти Узбакистон гуфтааст, ҳар муллое, ки маросими акди никоҳи зани дуввумро мехонад, назди қонун ҷавоб мегӯяд.
Бино ба иттилои расонаҳои узбакӣ, президент ин нуктаро дар вохӯрӣ бо фаъолони динии Узбакистон изҳор доштааст. Ба иттилои манбаъ, Мирзиёев гуфтааст, вақтҳои охир бисёр ҳолатҳое ба қайд гирифта шудааст, ки зани дуввумро тавассути никоҳи шаръӣ мегиранд: "Вақтҳои охир ҳодисаҳои дузанагӣ бо роҳи никоҳи мусалмонӣ хеле зиёд шудааст. Бештар аз ҳама ин падида дар Тошканд ба мушоҳида мерасад. Ояндаи кӯдаконе, ки занони дувум ба гунаи ғайриқонунӣ ба дунё меоранд, чӣ мешавад? Имомҳои муҳтарам, мушкилоти ин кӯдакон доғи виҷдони мо хоҳад шуд”,- изҳор доштааст Мирзиёев.
Раиси ҷумҳури Узбакистон таъкид кардаст, лоиҳаи қонунеро таҳия хоҳад кард, ки барои имомоне, ки бе шаҳодатномаи расмӣ никоҳ мекунанд, ҷазо пешбинӣ мекунад.
Суҳбати видеоии президент чаҳор рӯз аст, ки дар YouTube мечархад ва он баҳсҳои зиёдеро ба миён овардааст.