Талош барои бародаршаҳрӣ миёни Душанбе ва Тошканд
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, 21-уми июн бо ҳайати Узбакистон таҳти роҳбарии Улуғбек Розуқулов, муовини Сарвазири ин кишвар мулоқот кард.
Тибқи иттилои шаҳрдории Душанбе зимни мулоқот масоили марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд: “Маҳаки асосии музокиротро масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ миёни шаҳри Душанбе ва субъектҳои хоҷагидори Узбакистон ташкил дод. Дар ин робита таъкид гардид, ки ҳар ду ҷониб дорои понтесиали васеъи ҳамкорӣ ва имконияти фаровони ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахши ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои нақлиёт, техникаи коммуналӣ ва кишоварзӣ, масолеҳи сохтмонӣ, молҳои маишӣ ва ғайра мебошанд”.
Манбаъ афзуд, ҷонибҳо ба рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши сайёҳӣ, ба роҳ мондани робитаҳои бародаршаҳрӣ миёни Душанбеву Тошканд, таъсиси "Хонаи савдо"-и Душанбе дар шаҳри Тошканд ва "Хонаи савдо"-и Тошканд дар Душанбе мароқ зоҳир намуданд.