Ҳавои рӯзҳои истироҳати Тоҷикистон: Борон, тундбод, жола...
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон сокинони кишварро аз ҳавои номусоид тайи рӯзҳои истироҳат ҳушдор додааст.
Умеда Юсупова, масъули маркази матбуоти Кумита дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бар пояи иттилои Агентии обуҳавосанҷии кишвар рӯзҳои 24 ва 25 июн дар ҷумҳурӣ тундбод ва боридани борону жола дар назар аст.
Дар зимн, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонон даъват кардааст, тайи ин рӯзҳо ҳангоми баромадан ба кӯча, мондани мошин дар таваққуфгоҳҳо ва гузаштан аз зери хатҳои барқ, тоблуҳои таблиғотӣ ва дарахтон аз эҳтиёт кор бигиранд: “Ҳангоми истифодаи роҳҳои куҳӣ ҳам эҳтиёткор бошед, зеро эҳтимоли обхезӣ, омадани сел ва фаромадани сангпораҳо мавҷуд аст”.
Ин ниҳод ҳушдор додааст, дар ноҳияҳои куҳии ВМКБ ва ноҳияҳои куҳии Рашту Лахш баландшавии сатҳи оби дарёҳо ва эҳтимоли омадани сел мавҷуд аст.
Акс аз бойгонӣ