Худкушии зани 39-сола дар рӯзи Иди Фитр
Як зани 39-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар рӯзи Иди Рамазон худкушӣ кардааст.
Бино ба иттилои Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд, ин сокини ҷамоати Унҷӣ тахминан соатҳои 21:30-и рӯзи 26 июн худро аз рӯи пули хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд ба дарёи Сир андохтааст.
Ҷасади ӯ рӯзи 27 июн аз ҳудуди “Вододром”-и шаҳри Хуҷанд пайдо шудааст. Феълан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои ба ҷони худ қасд кардани ин занро таҳқиқ мекунанд.