Ҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон ба “Балтика” пайваст
Искандар Ҷалилов, ҳимоятгари тими миллии футболи Тоҷикистон ва дастаи “Дунав Русе”-и Булғористон ба ҳайати “Балтика”-и Калининград пайвастааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти “Балтика”, қарордод бо футболбози 25-солаи тоҷик аз рӯи тарҳи “1+1” баста мешавад.
Искандар Ҷалилов вақте 16 сол дошт, ба ССКА-и Маскав даъват шуд ва дар ҳайати тими ҷавонони он бозӣ мекард. Баъдан карераашро дар клубҳои Руминия ва Булғористон идома дод.