“Суруди сол” ва гузариш ба пахши “HD”-2 нақшаи Кумита дар 2017
Маҳмадсаид Пирзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон гуфт, дар шашмоҳаи дуюми соли равон шабакаи “Тоҷикистон” ба пахши дақиқияташ баланд гузаронда хоҳад шуд.
Пирзода имрӯз, 14-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки феълан мутахассисон барои гузаштан ба пахши “HD” кор карда истодаанд: “Инро дар шашмоҳаи дуюми соли равон амалӣ мекунем”.
Раиси Кумита афзуд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ният доранд, дар шашмоҳаи дуюм озмуни ҷумҳуриявӣ “Суруди сол”-ро баргузор намоянд.