баргард чоп кардан

Беш аз 4000 килограмм маводи мухаддир дар 11 моҳ мусодира гардид

Дар Душанбе як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, ки дар қочоқи маводи мухаддир даст доштанд, боздошт гардиданд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз Агентии назорат аз болои маводи нашъадор иттилоъ доданд, дар пайи як амалиёти вижаи кормандони ин ниҳод афроде, ки аз Афғонистон ва аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ  ба Русия маводи нашъадор интиқол медоданд, дастгир шуданд. Дар ҷараёни баргузории чорабинӣ мошини тамғаи «Хундай-Галаупер», ки аз ҷониби сокини 37-солаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ идора карда мешуд, мавриди боздошт қарор гирифт. Дар дохили мошин ҳамчунин, иштирокчии дигари ин амали ҷиноӣ- шаҳрванди 27-солаи Афғонистон менишаст.

Манбаъ афзуд, дар ҷараёни тафтиши мошин дар дохили он сумкаи варзишие кашф ва мусодира шуд, ки дорои 10 бастаи пур аз ҳероин буд. Озмоишгоҳи ташхиси судии агентӣ  10 кило будани бори дохили бастаҳоро тайид намуд. Аз рӯи ин ҳодиса тибқи моддаи 200, КҶ-и Тоҷикистон  (нигаҳдории маводи мухаддир ба андозаи калон) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дастгиршудагон дар боздоштгоҳи муваққатии агентӣ нигаҳ дошта мешаванд.

Ҳамзамон иттилоъ дода мешавад, ки кӯшиши дуввуми қочоқи маводи нашъадор аз Афғонистон ба кишвари мо дар ҷараёни баргузории амалиёти махсуси дигар дар қаламрави ВМКБ пешгирӣ карда шуд. Кормандони раёсати агентӣ дар ин вилоят  шаҳрванди 22-солаи Афғонистон, ки корманди Комиссариати хадамоти сарҳадии ноҳияи Шуғнони ин кишвар будааст, ба гумони интиқоли ғайриқонунии мухаддирот боздошт намуданд ва ҳангоми кофтуков аз ӯ ҳероин мусодира намуданд. Бино ба қавли манбаъ, тайи 11 моҳи охир кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз муомилоти ғайриқонунӣ 4 тоннаву 83 килову 280 грамм воситаҳои нашъаовар мусодира арданд, ки  496 килову 898 килои онро ҳероин ташкил медиҳад.