баргард чоп кардан

Дар шимоли кишвар автомашина ба ҷарии 110 метр сарозер шуд

Се мусофири он ва ронанда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштанд.


Тавре ба хабарнигори «Озодагон» дар РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, сарнишини нақлиёти тамғаи «Муссо» , сокини 23-солаи ҷамоати Тағояки ноҳияи Спитамен Урунбой Юсупов, аснои ҳаракат дар ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии « Шавкат»-и ҳамин ҷамоат, ки дар он роҳ барои ҳаракати нақлиёт мавҷуд нест, аз беэҳтиётӣ автомашинаро ба ҷарии чуқуриаш 110 метра чаппа намудааст.

Бар асари сониҳа, худи ронандаи нақлиёти мазкур ва се нафари мусофири он бо ҷароҳатҳои мухталиф ба беморхона интиқол ёфтанд.