баргард чоп кардан

Мухолифини ҳукумат 70 ҳазорро ба ҳамойиш даъват кардаанд

Масъулин ва ё ба истилоҳ мубтакирони тазоҳуроти эътирозии рӯзи 24 уми декабр, ки бояд дар Маскав, пойтахти Русия доир гардад, ҷаласаи Кумитаи ҷамъиятии баргузории ҳамойишро баргузор намуданд.


Ин ҷаласа мавзеъи роҳпаймоиро аз майдони “Ботлоқзор” -и Маскав ба майдони Сахаров табдил кард.

Дар ҳамин ҳол пулиси Маскав гуфтааст, нерӯҳои иловагиро барои нигаҳдории тартибот ҳангoми баргузории ҳамойиш сафарбар нахоҳад кард. Аз он ки ин митинг иҷозаи баргузориро пайдо кардааст, кормандони пулис дар ҳайати муқаррарӣ ва реҷаи доимӣ фаъолият хоҳанд кард, гуфтааст пулиси Маскав.

Ёдовар мешавем, ки баъди интихоботи порлумонии 4 декабр мардуми аз натоиҷи он норозӣ ба майдонҳои Инқилоб ва баъдан ба майдони “Ботлоқзор”  рехта, нидои эътирозии худро ба мақомоти расмии Русия иброз карда буданд. Аммо ҷонибдорони ҳукумати вақти Русия низ ҳамойиши ҷавобиро бар муқобили норозиён доир карданд, ки ин барои дубора сари майдон нишастани эътирозгарон сабаб гардид.

Зимнан, мухолифини Кремл даъво доранд, ки ҳудуди беш аз 70 ҳазор мардумро ба майдон хоҳанд кашид.