Ҳабибуллоев баъди чор сол ба “Регар-ТадАЗ” баргашт
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев бо гузашти чор сол дубора сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ” таъйин шудааст.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Алишер Ҳақбердиев, ки то омадани Ҳабибуллоев вазифаи сармураббии дастаро ба зима дошт, ба гуруҳи мураббиёни ин тим пайвастааст.
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев аз соли 2001 то моҳи июли 2013 сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ” буд. Давраи роҳбарии ӯ “Регар-ТадАЗ” шаш маротиба қаҳрамони Тоҷикистон, се маротиба барандаи Ҷоми президенти АФК ва чандин маротиба барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуда буд.
Ҳабибуллоев давоми солҳои аз “Регар-ТадАЗ” дур будан дар “Далерон”-и Истаравшан, “Равшан”- и Кӯлоб ва “Ҳосилот”-и Фархор ба ҳайси сармураббӣ кор кардааст.