Тавре аз муассисаи мазкур ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, аз ин миқдор маблағ беш аз 4 миллионаш суғуртаи намуди ҳатмӣ ва зиёда аз 3 миллиони дигарро суғуртаи ихтиёрӣ ташкил медиҳад: «КВД«Тоҷиксуғурта» давоми 9 моҳи соли равон дар якҷоягӣи бо филиалҳои дар маҳалҳо будааш, ба ашхоси барҷомонда, бепарастор ва эҳтиёҷманд ба миқдори беш аз 58, 9 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонид. Ин иқдом бо мақсади ҳиссагузорӣ дар ҳуҷҷати стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ роҳандозӣ гардидааст».
Сарчашмаи хабар иттилоъ дод, ки «Тоҷиксуғурта» давоми 9 моҳи соли равон бо 825 ҳазору 355 нафар шахсони воқеиву ҳуқуқӣ шартномаи суғуртавӣ бастааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазору 763 адад зиёд мебошад.